Бо нашри хабари оғози даъвати тирамоҳӣ дубора баҳси “облава” ва даъвати ҷавонон ба зур ба артиш оғоз шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27-уми август фармони даъвати ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба хидмат дар артиш имзо кард. Ин маърака солҳост, ки баҳсҳоеро ба миён меорад. Сокинон аз зӯровариҳо ва сарбозшикор ё облава шикоят мекунанд. Мақомот мегӯянд, ҷавонон ба комиссариатҳои ҳарбӣ намеоянд ва барои фирор аз хидмат ба Русия сафар мекунанд.