Сулаймон Давлатов, паноҳандаи сиёсии тоҷик дар кишвари аврупоии Литва боздошт шудааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Сулаймон Давлатовро нимаи дуюми рӯзи ҷумъа, 5 апрели соли 2024, баъди намози ҷумъа аз маҳалли кораш дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва дастгир кардаанд ва рӯзи якшанбе, 7 апрел додгоҳи Вилнюс фаъоли тоҷикро барои 2 моҳ, яъне то 6 июни соли ҷорӣ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.
Далели боздошти Сулаймон Давлатов рӯшан нест. Ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” то ин соат муяссар нашудааст, ки бо адвокат ё наздикони ӯ суҳбат кунад.
Бино ба нақли дигар тоҷикони муқими Литва, рӯзи ҷумъа Сулаймон Давлатовро аз назди ҷои кораш афроди ниқобпӯш ба як мошини микроавтобус бор карда бурдаанд. Баъдан маълум шуд, ки онҳо кормандои хадамоти амнияти миллии Литва будаанд.
Сулаймон Давлатов, зодаи шаҳри Ваҳдат, ки 40 сол дорад, аз соли 2015, инак 9 сол боз ҳамроҳи зану фарзандонаш дар Литва ба сар мебарад ва дар ин кишвари мақоми паноҳандаи сиёсиро ба даст овардааст.