РОНАНДАИ ТАКСИ ЯК ЗАНРО АЗ ДУШАНБЕ БА ХУРОСОН БУРДА, БА НОМУСАШ ТАҶОВУЗ КАРДААСТ

Опубликовано: 19 Май 2025
на канале: Bomdod TV
78,431
113

Каримов Абдуқодир Шарипович, соли таваллудаш 1985, сокини кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 5 фарзанд, ки қаблан бо ҷурми авбошӣ суд шуда буд, дастгир гардид.
Бино ба фарзияи тафтишот, Абдуқодир Каримов шаби 9 март бо мошини шахсиаш, тамғаи “Ҳюндай Соната”, рақами транзитиаш С 78 78, дар назди истгоҳи бозори “Саховат”-и пойтахт ба ҷабрдида, ки ба шаҳри Бохтар раҳсипор буд, ваъда додааст, ки ӯро бо нархи арзон бурда мерасонад. Милитсия мегӯяд, аз аввал мақсади Каримов аз гирифтани ин муштарии зан “қонеъ сохтани нафси шаҳвониаш” буд.
Ҳангоми расидан ба ҳудуди деҳаи Ҳисорободи ҷамоати Фахрободи ноҳияи Хуросон, Абдуқодир Каримов мошинашро аз шоҳроҳи асосӣ ба гардиши тарафи рост ронда, дар як ҷои торику беодам манъ кардааст. Баъди ин ӯ “бо мақсади қонеъ сохтани нафси шаҳвониаш” ҷабрдидаро мавриди латтукӯб қарор дода, бо истифода аз зӯроварӣ ба номуси он зан дастдарозӣ кардааст. ВКД гуфт, Каримов нисбат ба он зан ҳамчунин “дигар кирдорҳои бадахлоқонаро содир кардааст”, вале дар ин бора ягон тафсилот надод.
Худи Абдуқодир Каримов дар макони ҷиноят дар ин гузориш ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кард: “Ҳай кардам омадам ҳамин ҷо, баъд фаромадаму дарро ҳуй кардам. Вай шиштагӣ буд ва ман бо мушт дар рӯяш задам. Ягон 2 мушт задам дар рӯяш”.
Дар посух ба суоли корманди милитсия, ки бо кадом мақсад он занро ба инҷо оварда буд?, Каримов гуфт: “Бо мақсади таҷовуз оварда будамаш”.
Каримов баъди содир кардани ҷинояти нангин, ҷабрдидаро, ки аз зарбаҳои равонию ҷисмонии бардоштааш дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошт, дар ҳамон ҷо партофта, фирор кардааст. Ӯ бидуни ягон азоби виҷдон ҳамон шаб ба Душанбе баргаштааст. Бо умеди ин ки ҷинояташ пинҳон мемонад ва касе ӯро пайдо карда наметавонад...