ДОДСИТОНИИ КУЛ: БАРОИ ЛАТТУКӮБИ САРБОЗОН 2 АФСАР, 2 СЕРЖАНТ ВА 4 САРБОЗ ЗИНДОНӢ ШУДАНД

Опубликовано: 13 Февраль 2025
на канале: Bomdod TV
997
7

Аз ҷумла:
1. Сардори Комендатураи якуми сарҳадӣ, подполковник Лазуриев Нуҳзат бар асоси моддаи моддаи 391, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ (сӯиистеъмол аз мансаб ё ваколат, ки аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин шудааст) гунаҳкор дониста шуда, ба 11 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.
2. Командири ротаи ин қисми ҳарбӣ, капитан Юсупов Шамсулло бар асоси моддаи моддаи 391, қисми 3, банди “б” гунаҳкор дониста шуда, ба 11 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.
3. Сержант Камолов Аъзамҷон бар асоси моддаи 373, қисми 2, бандҳои “а,б,в” ва моддаи 391, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар батакрор вайрон кардани оиннома нисбати чанд нафар аз ҷониби гуруҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ ва берун баромадан аз ҳадди ваколат гунаҳкор дониста шуда, ба 11 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.
4. Сержант Ҳоҷиакбар Сайфуллоев бар асоси моддаи 373, қисми 2, бандҳои “а,б,в” ва моддаи 391, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар батакрор вайрон кардани оиннома нисбати чанд нафар аз ҷониби гуруҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ ва берун баромадан аз ҳадди ваколат гунаҳкор дониста шуда, ба 11 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.
5. Сарбози қаторӣ Маҳмадназар Нозимов бар асоси моддаи 373, қисми 2, бандҳои “а,б,в” дар батакрор вайрон кардани оиннома нисбати чанд нафар аз ҷониби гуруҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 9 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.
6. Сарбози қаторӣ Ҷонибек Қосимзода бар асоси моддаи 373, қисми 2, бандҳои “а,б,в” дар батакрор вайрон кардани оиннома нисбати чанд нафар аз ҷониби гуруҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 9 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.
7. Сарбози қаторӣ Фахриддин Азимов бар асоси моддаи 373, қисми 2, бандҳои “а,б,в” дар батакрор вайрон кардани оиннома нисбати чанд нафар аз ҷониби гуруҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 9 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.
8. Сержанти хурд Суннатулло Холматов бар асоси моддаи 373, қисми 2, банди “в” дар вайрон кардани оиннома аз ҷониби гуруҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 9 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.