Як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҷҳизоте сохтааст, ки онро метавонед ҳам ҳамчун печка ва ҳам ба сифати духовка истифода бурд. Дар видеои нашршуда нархи он 1500 сомонӣ гуфта мешавад. Як ҷавон бо таблиғи сифатҳои ин дастгоҳ мегӯяд: "Ҳам печка дорад ва ҳам барои ду лист духовка. Аз ин тараф, гарм мешавад, аз ин тараф, аз духовка самбӯсаи гармро мегиреду мазза карда мехӯред. Боз нагӯед, ки тоҷикҳо ягон ихтироъ карда наметавонанд!"
Бисёриҳо дар зери ин видео ба сокини ноҳияи Ҷомӣ офарин хонда, навиштаанд: "Тоҷикистон, ба пеш!"