Муҳаррамов Муҳаммад Раҳматуллоевич, маъруф ба Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ ва Домулло Муҳаммадӣ, ки як вақтҳо “раҳбари салафиҳои Тоҷикистон” ном бурда мешуд, баъди як соли раҳоияш аз зиндон, дубора аз ҷониби мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир шудааст. Пайвандонаш дар маҳаллаи Чоряккорон дар канораҳои ғарбии шаҳри Душанбе мегӯянд, дар бораи сабаби боздошташ маълумот надоранд. Мақомот ин масъаларо шарҳ намедиҳанд.
Бародараш Юсуф Муҳаррамов рӯзи 7-уми ноябри соли 2022 ба Радиои Озодӣ гуфтааст: "Муҳаммадиро соати 10-и рӯзи дуюми ноябр ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват карданд ва баъдан ба писараш хабар додаанд, ки боздошт шудааст."
Ӯ афзуд, танҳо ҳаминро медонад, ки бародарашро барои "суҳбат дар кадом масъалае ё маъвизае" дастгир кардаанд, вале ҷузъиёт барояшон маълум нест.
Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ соли 2016 ба 8 соли зиндон маҳкум гардида, бино ба нақли Юсуф Муҳаррамов, бародари Муҳаммадӣ Раҳматулло, соли 2021 дар чорчӯби қонуни афв ба озодӣ баромад.
"Дар ҷое кор намекард, шиноснома низ надошт. Ба масҷид намерафт. Дар хона буд. Гоҳ-гоҳе ба кӯча мебаромад, тамом," – нақл кардааст Юсуф Муҳаррамов. Вай илова кардааст, ки баъди боздошт дигар бародарашро надидаанд: "Ба мо гуфтанд, ки ӯ дар боздоштгоҳ аст ва танҳо рӯзи 8-уми ноябр дида метавонем."