ДАР НИМ МОҲИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН 245 ҲОЛАТИ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС САБТ ШУДААСТ

Опубликовано: 16 Май 2025
на канале: Bomdod TV
682
20

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шумораи беморони коронавирус дар кишвар батадриҷ коҳиш ёфта истодааст. Ин вазорат шоми 4 феврал хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар ҳамагӣ 5 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавируси нави навъи COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 8 нафари қаблан ба ин вирус гирифторшуда аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Ба ҳисоби вазорати тандурустӣ, шумораи расмии гирифторшудагон ба ин вирус аз оғози пандемия то шоми 4 феврал дар Тоҷикистон, ба 17 ҳазору 340 нафар расида, аз ин шумор то имрӯз 17 ҳазору 183 нафар шифо ёфтаанд ва 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд. Ба ин тартиб, то шоми 4 феврал 33 нафари гирифтори коронавирус дар шароити хона ё бемористон таҳти табобат қарор доштаанд. Дар аввали ҳафта шумораи беморон ҳудуди 80 нафар гуфта мешуд.
Вале бисёриҳо бар инанд, ки шумори воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмиест, ки вазорати тандурустӣ эътироф мекунад.