БЛОГЕРИ ТОҶИК РУСЛАН БОБИЕВРО ДАР МАСКАВ БА ДОДГОҲ ҲАМ КАШИДАНД

Опубликовано: 14 Май 2025
на канале: Bomdod TV
34,872
116

Додраси ҳакамии ноҳияи Твери шаҳри Маскав (мировой судья судебного участка Тверского района) рӯзи 28 октябр парвандаи ҷиноятии блогери тоҷик Руслан Бобиев ва шарики ӯ Анастасия Чистоваро баррасӣ мекунад. Онҳо барои нашри акси имитатсияи алоқаи ҷинсии даҳонӣ дар назди калисои Василий Блаженний дар маркази пойтахти Русия ба таҳқири эътиқоди диндорон айбдор мешаванд.
Дар хадамоти матбуоти додгоҳ ба хабаргузории РИА Новости гуфтанд: "Мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Муродҷонзода Руслани Талабҷон (ному насаби расмии Бобиев чунин будааст) ва Чистова Анастасия Александровна рӯзи 28 октябр, соати 10.00 таъйин шуда, тибқи тартиби умумӣ хоҳад гузашт.”